Фестивали телевизионии «Симо»
Ба хотири муарифии филмҳои мустанади ватани ва эҳтиром гузоштан ба ҳунари коргардонҳои тоҷик бо ташаббуси Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» ва дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ду сол синамобазми филмҳои мустанди телевизионии «Симо» доир мегардад.Ёдовар бояд шуд,ки аввалин синамобазми филмҳои мустанд «Симо» 5 октябри соли 2017 дар кинотеатри Кохи Наврӯз сурат гирифта буд.Ин рӯз як санаи таърихи барои синамои тоҷик буд,зеро дар таърихи кинои тоҷик «Симо» ҳамчун нахустин синамобазми филмҳои мустанд сабт гардид. Дар соли 2019 бошад ҳайъати тадорукоти ин ҷашнвора қабули филмҳоро барои иштирок дар синамобазми навбати таввасути васоити ахбори омма эълон намуд.Ҳамин тавр ба синамобазми филмҳои мустанди телевизионии «Симо» 48 филми ҳуччати ва барномаҳои телевизиони дар жанри филми мустанад роҳ ёфтанд.Маросими ҷоизасупории синамобазми филмҳои мустанди телевизионии «Симо» 2 ба истиқболи 28 умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 90 солагии кинои тоҷик 16 августи соли 2019 доир гардид.
Маросими ҷоизасупории дуюмин фестивали телевизионии филмҳои мустанад.«Симо» 2

Филми кӯтоҳметраи телевизионии Ҷумъахон Рустамӣ таҳти унвони «Инъикос» соҳиби яке аз ҷоизаҳои асосии синамобазми «Як акс» дар шаҳри Калгарии Канада гашт.
Филми Шитоб ,ки бо коргардонии Муҳиддин Сулаймони руи навор омадааст соли 2019 дар 72-умин маросими кинофестивали байналмилалии Кант намоиш дода шуд.

Муассисаи давлатии телевизиони "Синамо" соли 2020 соҳиби ҷоизаи телевизиони сол гардид.

Ғолиби озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" Асҳобиддин Низомов
