Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони кулл дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ туҳфаҳо тақдим намуданд

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл дидорбинӣ намуда, бо кӯдакону наврасон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Аз ҷониби Сарвари ғамхору ятимпарвар ба 150 нафар ятими кулл туҳфа, аз қабили сару либоси зимистона ва дигар лавозимоти зарурӣ тақдим карда шуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Гурӯҳи «Тоҷикобод»-и шуъбаи ноҳияи Вахши Раёсати КДАМ Тоҷикистонро дар вилояти Хатлон ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш бинои Гурӯҳи «Тоҷикобод»-и шуъбаи ноҳияи Вахши Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ифтитоҳ карданд.

Зимни суҳбат бо кормандон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаву софдилона бар нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи табрикӣ ирсол намуданд

ДУШАНБЕ, 25.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Шавкат Миромоновичи гиромӣ!

Мояи хушнудии ман аст, ки ба Шумо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон табрикоти самимӣ ва таманниёти нек фиристам.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара дидан намуданд

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр дар деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.

Данғара яке аз калонтарин ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, сокинонаш бо роҳандозии таҷрибаи нави кишту парвариши зироат ва аз як қитъа гирифтани чанд ҳосил дар самти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот муваффақиятҳоро афзун намуданд.

Страницы