Ифтитоҳи Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар вилояти Суғд расман ифтитоҳ бахшиданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон моҳи августи соли 2004 бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Оғози сафари корӣ дар вилояти Суғд

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.

Дар Малайзия ҷомаи нодири таърихии Суғд, ки таърихи 1311-сола дорад, нигоҳдорӣ мешавад

Дар Малайзия ҷомаи нодир аз Суғд, ки таърихи 1311-сола дорад, нигоҳ дошта мешавад, иттилоъ медиҳад  бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ДАСТОВАРДИ САТҲИ ҶАҲОНӢ МУБОРАК!

 

Хонандаи синфи 10-и Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд Фирӯза Абдуллоева дар Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ, ки аз 31 июл то 7 август дар шаҳри Лондони Британиёи Кабир ҷараён дорад, аз рӯи 4 бахш ва категорияи «ИГЛЕТС» қаҳрамон, соҳиби Ҷом ва Шоҳҷоизаи олимпиадаи мазкур гардид. Дар ин бора бо истинод ба «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

«НБО-И «РОҒУН» НАМУНАЕ АЗ ИҚТИСОДИ САБЗИ МИНТАҚА». Доир ба аҳамияти иншооти муҳими аср китоб ба нашр расид

«Муаммоҳои бунёдии НБО-и «Роғун» бо диди сиёсати экологӣ арзёбӣ гардидаанд», — омадааст дар оғози китоби тозанашри коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев, ки таҳти унвони «НБО – и «Роғун» намунае аз иқтисоди сабзи минтақа» чанде қабл аз ҷониби матбааи «Дониш» ба нашр расид.

Страницы