ДУШАНБЕ БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕЁБАД. Дар мавсими тирамоҳу баҳор дар пойтахт қариб дусад ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад

 Дар мавсими  тирамоҳи соли равон ва баҳори соли оянда дар ҳудуди пойтахт 193 ҳазору 499 бех ниҳол, аз ҷумла 54 ҳазору 868 бех дарахти сояафкан, 61 ҳазору 947 бех дарахти ороишӣ, 13 ҳазору 61 бех дарахти буттагӣ ва 63 ҳазору 623 бех дарахти мевадиҳанда шинонида мешаванд. Дар ин бора бо истинод ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Бригадаи 7-уми ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ

Рафиқон генералҳо, афсарон, прапоршикҳо ва сарбозон!

Ҳамаи шумо – фарзандони далеру шуҷои Ватани маҳбубамонро ба ифтихори Рӯзи десантчиён ва 25-солагии таъсисёбии Бригадаи 7-уми десантӣ самимона табрик мегӯям.

Иштирок дар таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Бригадаи ҳамлаовари десантии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сокини 10-миллионаи Тоҷикистон ба хонае, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон туҳфа карданд, ворид шуд

Имрӯз оилаи тифле, ки баробари таваллуд шуданаш шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид, ба манзили истиқоматии нави худ омад, хабар  доданд дар Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Нуриддин Саид: Барои табодули таҷриба мутахассисони сатҳи байналмилалиро ба Тоҷикистон даъват менамоем

Барои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони радио ва телевизион аз ҷониби Академияи ВАО ба Тоҷикистон мутахассисони сатҳи байналмилалӣ даъват карда мешаванд. Дар ин бора 26 июл зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Страницы