ХУШХАБАР! ИМРӮЗ СОКИНИ 10-МИЛЛИОНАИ ТОҶИКИСТОН ТАВАЛЛУД ШУД! Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сокинони мамлакатро бо ин рӯйдоди таърихӣ табрик намуданд

Писаре, ки имрӯз соати 12:00 дар Таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе ба дунё омад ва ба ӯ Фирдавс ном гузошат шуд, сокини 10-миллионаи Тоҷикистон гардид. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон мавқеи худро аз рӯи шумораи аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи 3-юм устувор кард.

Боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои НБО «Роғун» дар сатҳи 1300 метр

12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дар баромадгоҳи нақби нақлиётии рақами 9 (Т-9) аз ҷараёни корҳои сохтмонию васлгарӣ дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои № 1,2,3,4,5 ва 6-и Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд, шинос шуданд.

Шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун”

12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.

Ҳаҷми коркард, тахту ҳамворкунӣ ва кандану кашонидани маводи мухталиф ҳангоми тоза намудани паҳлуҳои чапу рост ва таҳкурсии ядрои сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” то имрӯз 2,6 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Роғун ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун”

12 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

08.07.2022, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони гиромӣ!

Ҳоло, ки мо дар арафаи яке аз ойинҳои суннатии мардуми   мусулмон – иди Қурбон қарор дорем, ҳамаи шуморо ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.

Мардуми мусулмони мо иди саиди Қурбонро ҳамчун суннати меҳру шафқат ва тараҳҳуму ҳамбастагӣ гиромӣ медоранд.

Страницы