Ҷамъбасти синамобазми байналмиллии ДИДОР 2016

     Дар Ҷашнвораи байналмиллии Дидор, беш аз 40 нафар филмсозон, мунақидони синамо  ва намояндагон аз кинофестивалҳои маъруфи ҷаҳонӣ  ширкат доштанд.   Дар доираи ин ҳамоиш чорабиниҳои фарҳангӣ ва машуғлиятҳои гуногуни амалӣ бо таҳиягарони ҷавон баргузор гардид, ки  ин таҷрибаи муфид  аз ҷониби  филмсозони  кишварҳои хориҷ ҳамчун падидаи нав дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардид.  
   Дар ҷашнвораи байналмилалии Дидор имсол бахшҳои нав Панорамаи байналмилалӣ: муколамаи  Шарқу ғарб, Анҷумани филмсозони ҷавон ва Синамои кишварҳои ҳамҷавор   таъсис ёфтанд, ки дар доираи он чорабиниҳои гуногун баргузор  гардид.   Дар  ин ҳамоиши филмсозон   имсол  боз  номинатсияи        ҷашни аниматсия    илова гардид. Ин тадбир имкон медиҳад. ки ҳавасмандии коргардону рассомони филмҳои тасвирӣ барои офаридани асарҳо дар  ин бахши торафт фарогири соҳаи синамо зиёд шавад.  Аллакай ин тадбир имконеро фарохам овард, ки дар ин синамобазм 10 филми аниматсионии таҳиягарони ҷавони кишвар  пешниҳод гардад. 
     
     Шоми 20 октябр дар Театари академӣ-драмавии ба номи Садриддин Айнӣ маросими  ҷамъбасти Кинофестивали байналмилалии Дидор баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи ин ҷашнвора  ба ин ҳамоиш 80 филм аз 14 кишвари ҷаҳон роҳхат гирифта буд, ки  дар тӯли 5 рӯз ба бинандаи сершумор ва ҳайати ҳакамон пешниҳод карда шуданд. Имсол бори аввал ҳайати таҳиягарони филмҳо аз Ҷумҳурии Муғулистон, ҳамчунин аз Ҷумҳуриҳои Узбекистону   Озарбойҷон ва як гуруҳ мунақидони синамо аз кишварҳои Фаронса, Канада ва Олмон дар ҷашнора иштирок доштанд.  
  
      Ҷашнвораи имсола аз 6 номинатсия Беҳтарин филми  ҳунарӣ,  филми  кӯтоҳи достонӣ , Беҳтарин филми тоҷикӣ, Ҷоизаи махсуси доварони байналмилалӣ, Ҷоизаи мунаққидони кинои Тоҷикистон, Беҳтарин коргардони ҷавон  ва аз дигар мукофотҳои ҳавасмандгардонӣ иборат буд. 
    
    Дар оғоз ба сатҳу сифати баланди ҷашнвора ба кумиати тадорукот,   Кумиаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Киностудияи давлатии Тоҷикифилм ва Муассисаи давлатии телевизиони  Синамо  минатдории иштирокчиёни кинофестивал расонида шуд. Сипас, маросими ботантани муаррифии барандагони кинофестивали байналмилалии Дидор эълон гардид. 
  Хайати доварони байналмилалии чашнвора Латика Падонка Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ризои Киёниён кишвари Эрон ва Низом Қосим раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон изхор доштанд, ки дар кинофестивал беш аз 80 филм пешниҳод шуда буд, ки аз он 3о филм  дар номгӯи номинатсияҳо иштирок доштанд.  
       Ҷоизаи мунақидони синамои Тоҷикистон ба ба филми Қарзи  падар коргардон аз Ҷумҳурии Қиргизистон Бақит Мукул сазовор дониста шуд. 
    Ҷоизаи махсуси сарпарасти  Ҷашнвораи байналмилалии Дидор ба беҳтарин коргардони ҷавон ба  филми кутоҳи Мароқибат аз ҷунос-и коргардон Қасида Гулмаконӣ аз кишвари Эрон, ҷоизаи  беҳтарин филми тоҷикӣ ба  филми Мукилкушо-и коргардон Умедшо Мирзоширинов, баррандаи Ҷоизаи мунақидони синамои байналмилалӣ  филми кӯтоҳи Ҷашни бузург ба коргардон Ваге Гавергянс аз Ҷумҳурии Арманистон,  Шоҳҷоизаи филми кӯтоҳи достонии беҳтарин Ҳар яке-и коргардон  ба Николай Котяш  аз Федератсияи Россия ва Шоҳҷоизаи ҷашнвора дар номинатсияи филми пурраи достонӣ ба филми Чанд метри мукааб ишқ-и коргардон Ҷамшед Маҳмудӣ истеҳсоли муштараки  кишварҳои Афгонистон ва Эрон супурда шуд.
 
Синамобазми имсолаи Дидор воқеан ҳам дар сатҳи баланди омодагӣ чараён гирифт ва то дер дар хотири бинандаи сершумор   хоҳад монд ва барои густариши ҳамкориҳои байналмилалии филмсозони кишварҳо  нақши муассир хоҳад гузошт.