Маъмурият

Набизода Набӣ

Набизода Набӣ
Набизода Набӣ соли 1961 таваллуд шудааст. Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро дар соли 1983 бо ихтисоси режиссёр бо дипломи аъло хатм кардааст. Ӯ аз соли 1983 дар Телевизиони Тоҷикистон фаъолитяи кории худро ҳамчун ёвари коргардони идораи адабию драмавӣ оғоз намудааст. Сипас ба ҳайси коргардони идораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва мусиқӣ адои хизмат намудааст. 
Инчунин, ба ҳайси саркоргардон дар идораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ва «Субҳ» - и Шабакаи якум фаъолият доштаааст. Тайи чанд соли охир дар вазифаи Саркоргардони Шабакаи якуми телевизони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. аз 2-юми феврали соли 2015 то моҳи августи соли 2015 дар вазифаи сармуҳаррири идораи «Субҳ» фаъолият кардааст. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми ноябри соли 2015 то имрӯз директори Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» мебошад. 

Салимов Хамро

Салимов Ҳамро Файзуллоевич 12-09-1962 дар ноҳияи Данғараба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи филалогияи тоҷик. Фаъолияти кориашро аз солҳои донишҷӯӣ дар мактаби миёнаи рақами 1-и ноҳияи Комсомолобод оғоз намудааст. Баъдан ба ҳайси сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Сипас дар вазифаи Муовини директории «Телевизиони Тоҷикистон» кори худро идома додааст.

ҲАСАНОВ Бобоҷон Бобомуродович

   ҲАСАНОВ Бобоҷон Бобомуродович 18-уми апрели соли 1984 дар деҳаи Чормагзакони ноҳияи собик Ленин ба дунё омадааст. Соли 2016 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси радиоэлектроника хатм намудааст Фаъолияти меҳнатиашро дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» аз соли 2006 ба сифати Механики Комплекси маркази студияви оғоз намуда, соли 2015 ба ӽайси Сардори идораи таҷҳизоти студиявии Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» кор карда аст. Аз мохи майи соли 2021 то имрӯз муовини директори Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» мебошад.

Маӽмадраббӣ Исмоилов

Маӽмадраббӣ Исмоилов

Маӽмадраббӣ Исмоилов 07-уми феврали соли 1980 таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 ба сифати ёвари коргардони идораи «Иқтисод»-и Телевизиони Тоҷикистон оғоз намуда, дар вазифаҳои ёвари коргардон кор карда минбаъд дар идорахои Телевизиони Тоҷикистон, коргардони дарраҷаи сеюми идораи «Субҳ»-и Телевизиони Тоҷикистон, кор карда соли 2006 ба ӽайси "Саркоргардон"-и телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон» кор карда аст .

Мирзоалӣ Саидов

Мирзо Саидов

САИДОВ Мирзоалӣ Файзович 12-06-1984 дар ноҳияи Балчувон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода. Фаъолияти кориашро аз Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳои Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», шаҳри Душанбе огоз намудааст. Аз декабри соли 2015 дар вазифаи сардори басти шуъбаи студияи сайёри телевизионии Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»кор мекунад

Страницы