Чеҳраҳо

Малоҳати Абдулло

Малоҳат Абдуллоева

Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ, аълочии телевизион ва радио, барандаи Ҷоизаи ҷавонони Тоҷикистон, дорандаи нишони “Хизмати шоиста”, актрисаи театр ва кино, коргардони дубляж. Аз моҳи январи соли 2016 ба ҳайси сардори идораи дубляж ва филмҳои хориҷии Муассисаи давлатии телевизиони “ Синамо” фаъолият дорад. Принсипи кории ӯ ин - интизом ва ҳисси масъулият мебошад.

Сиярова Дилхоҳ

Сиярова Дилхоҳ
Сиярова Дилхоҳ Назришоевна 25-01-1965 дар ноҳияи Панҷ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи филалогияи тоҷик шуъбаи журналистика. Фаъолияти эҷодиашро аз солҳои донишҷӯӣ дар радиои Тоҷикистон оғоз намудааст. Баъдан дар шуъбаи иҷтимоиёт ва фарҳангӣ ноҳияи Шоҳмансур ба ҳайси сардори шуъба ко рва фаъолият намудааст. 

Ҳилол Умедпур

Чоршанбиев Ҳилол Умедович (Ҳилол Умедпур) санаи 1 уми августи соли 1996 дар н.Ишкошими ВМКБ таваллуд шудааст. Соли 2014 мактаби миёнаро бо медал хатм намуда тариқи ММТ ба шуъбаи Журналистикаи телевизион, Факултети театр, кино ва телевизиони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дохил шуда, соли 2019 онро бо дипломи сурх хатм менамояд. Соли 2015 курси махсуси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистонро гузашта, иштирокчии чандин тренингҳои тахассусии тренерҳои дохиливу хориҷӣ мебошад.

Насиба Бозорова

Бозорова Насиба Рустамовна

28 ноябри соли 1984 дар нохияи Хисор дар оилаи коргар таваллуд шуда соли 2000 мактаби миенаи №4-и нохияи Хисор-ро хатм карда, сипас ба омузишгохи тиббии н. Хисор дохил шуда бо дипломи сурх хатм намудааст. Баъдан ба факултаи Менечменти Донишкадаи давлатии Иктисодии ш. Душанбе дохил шуда ончоро бо мувафакият хатм кардааст. Аз рузи таъсисёбии Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" дар шуъбаи барномасозӣ ба ҳайси барномасоз фаъолятро оғоз кардааcт.

 

Страницы