Раҳмонқулов Мунир Раҳмонқулович 30 октябри соли 1991 дар қишлоқи Танги ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи зиёи ба дунё омадааст. Соли 1997 ба мактаби миёнаи №25 қ. Танг ба синфи якум рафта онро дар соли 2009 бо муваффақият хатм намудааст. Ҳамон сол ба факултаи “энергетикӣ”- ии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дохил шуда онро соли 2014 бомуваффақият хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатишро аз 2014 дар Маркази техникии телевизион ва радиои ҷумҳуриявии ш. Душанбе дар вазифаи равшандиҳандаи дараҷаи 5 ум оғоз намуд. Дар давоми соли 2014 (01.08.2014 то 14.08.2014) вазифаи равандиҳандаи дараҷаи 6 уми маркази мазкур ба уҳда гирифт. Аз соли 2014 то 2016 тариқи гузариш ба вазифаи сардори китъаи равшандиҳандагони маркази мазкур таъин гардид. Соли 2016 (01.02.2016) тариқи гузариш ба вазифаи сардори шуъбаи энергетикӣ ва равшандиҳии махсуси Муассисаи телевизони “Синамо” таъин гардид. Соли 2023 (10.01.2023) тариқи гузариш ба вазифаи сардори раёсати таҷҳизоти студиявӣ таъин гардид. Соли 2024 (01.02.2024) тариқи гузариш ба вазифаи сардори басти шуъбаи студияи сайёри телевизионӣ таъин гардид. Аз марти (03.03.2025) соли 2025 мутобиқи фармоиши раиси Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини директор оид ба корҳои техникии Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” таъин гардид. Оиладор соҳиби 2 фарзанд.